Семинари илмӣ-амалӣ дар Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Суғд
25 сентябри соли равон дар Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040" ва татбиқи "Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои солҳои 2021-2030" семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар семинари мазкур, ходими илмии сектори таълиму омӯзиши Филиали Агентӣ дар вилояти Суғд, Исматдинов Мӯминҷон бо маърӯзаи худ зери унвони “Коркарди технологияи масолеҳҳои композитии хосияти аз радиатсия муҳофизаткунанда дошта бо ашёҳои хоми маҳаллӣ” баромад намуд. Мавсуф қайд кард, ки композитҳо барои муҳофизат намудан аз нурҳои радиатсия ва рентгенӣ зарур мебошанд, ки ин композитҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ тайёр карда мешаванд.
Дар рафти семинари илмӣ иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба пайдоиш ва коркарди технологияи масолеҳҳои композитӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Семинари мазкур дар сатҳи баланди сурат гирифта ва ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии олимони ҷавон ва ҷалби онҳо ба фанҳои дақиқ мебошад.